ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ду нафари мусаллаҳ аз Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ вориди Тоҷикистон шуда, қасди анҷоми амали террористӣ дар қаламрави ҷумҳуриро доштанд.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ҳодиса субҳи 26 апрел рух дод.
Ба иттилои ин ниҳод, 2 узви ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амали террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отрядисарҳадии "Дарвоз" убур кардаанд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки марзшиканӣ дар деҳаи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ рух додаст.
КДАМ мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ террористон нобуд карда шуданд.
Дар ҷойи ҳодиса 2 автомати Калашников, 2 тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ, ки ба террористон тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира гардид, омадааст дар иттилоия.
Манбаъ таъкид намуд, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои пурра муайян намудани шахсияти террористон ва дигар ҳаммаслакони онҳо чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишӣ идома дорад.
Зимни гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоишта зарар надиданд, илова намуд КДАМ.