ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон рӯзи 3 май дар назар аст.
Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар ҳошияи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон дар Конгресс-Сентри шаҳри Остона Форуми соҳибкории ду кишвар баргузор мегардад.
"Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои марбутаи давлатии Тоҷикистону Қазоқистон ва соҳибкорони ҳар ду кишвар дар самтҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, хизматрасонӣ, логистика ва фармасевтӣ иштирок хоҳанд намуд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳадафи баргузории форуми мазкур пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ миёни соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ҳар ду кишвар маҳсуб меёбад.
Инчунин дар доираи форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати "Соҳибкор бо соҳибкор" - B2B ва бахши давлатию хусусии ҳарду ҷониб доир мешавад.
Аз натиҷаи вохӯриҳо ба имзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар дар назар дошта шудааст, афзуд манбаъ.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қазоқаш, Мурат Нуртлеу барномаи сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмонро баррасӣ намуда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки Қазоқистон яке аз шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон буда, қисмати бештари воридоти орду гандум, гази моеъ ва бархе маҳсулоти дигари ниёзи аввал маҳз ба ин кишвар рост меояд.