ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Киев 12 бригадаро барои ҳамлаи ҷавобӣ омода мекунад, менависад The New York Times бо истинод ба маводҳои махфии Амрико, ки дар интернет паҳн шудаанд.
Бино ба гузоришҳо, Нерӯҳои мусаллаҳи Украина қасд доранд, дар авоили моҳи май як ҳамлаи ҷавобӣ алайҳи нерӯҳои Русияро оғоз кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Киев дар бораи ҷузъиёти нақшаи амалиётии худ бо Вошингтон маълумоти кам додааст.
Тибқи асноди фошшудаи Пентагон, ки дар бораи ҷадвали Киев маълумот медиҳад, интизор меравад, ки 12 бригадаи ҷангии Украина иборат аз тақрибан 4000 сарбоз ҳар кадом то охири моҳи апрел омода шаванд.
ИМА ва ҳамтоёнаш дар НАТО аллакай аз 12 бригада 9-тоашро таълим дода, бо техника таъмин мекунанд.
Интизор меравад, ки амалиёт ба эҳтимоли зиёд дар самти ҷануб, аз ҷумла дар соҳили баҳри Азов идома ёбад.
Дар ҳамин ҳол, нашрия менависад, мақомоти амрикоӣ бовар надоранд, ки ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина вазъро ба нафъи онҳо ба таври куллӣ тағйир диҳад.
Ҳамин тавр, ҷангҳои пуршиддат дар назди Артемовск аллакай боиси талафоти зиёди ҳайати шахси ва кам шудани захираи лавозимоти ҷангӣ гардид.
Бинобар ин нашрияи The New York Times таъкид мекунад, ки натиҷаи эҳтимолитарин "сарбаста" боқӣ мемонад.
Дар ин замина коршиносони рус хостаанд, ки ба чунин изҳороти зидду нақиз бовар накунанд, зеро ин метавонад як бахше аз як маъракаи бардурӯғ бошад.