Роҳбандӣ дар Душанбе: масири ҳаракати 10 мусофирбар тағйир меёбад

Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки дар роҳи яке аз кӯчаҳои пойтахт корҳои таъмирӣ роҳандозӣ мешаванд ва ҳаракат дар он муваққаттан масдуд хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Шуруъ аз санаи 28 апрели соли равон ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанбе мутаваққиф мешавад.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ дода, сабаби онро гузаронидани корҳои таъмирӣ ва васли шабакаҳои муҳандисӣ дар роҳи автомобилгарди ин кӯча ба масофаи ҳудуди ним киломатр хондаст.
Манбаъ афзуд, ки мувақатан ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари ин масир тағйирот ворид мешавад.
Дар феҳрасти мусофирбарҳое, ки хатти ҳаракаташон тағйир хоҳад ёфт, аз ҷумла хатсайри автобусии №81, микроавтобусҳои рақами 1, 3, 5А, 30, 42, 52, 57, 58, 81 ва 88 зикр гардиданд.
Вазири тоҷик гуфт, дар зарфи 30 сол дар бахши роҳу нақлиёт кишвар чӣ пешравиҳо кардааст
Тавзеҳ дода шуд, ки мусофирбарҳо таҳти рақамҳои номбаршуда, то ба истифода додани кӯчаи мазкур тавассути кӯчаҳои Ҷанубӣ, М.Қосимов, Фирдавсӣ, Н.Қарабоев ва Соҳилӣ ба роҳ монда мешавад.
"Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи Соҳилӣ истифода баранд", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки бо мурури зиёд шудани теъдоди аҳолӣ ва худравҳо дар пойтахти Тоҷикистон шаҳрдорӣ ҳамасола таҷдиду бунёди роҳҳоро амалӣ мекунад. Ба бунёди роҳҳои нав дар Тоҷикистон аз ҷумла соҳибкорон низ ҷалб мешаванд.