Раҳмон охирин чархаи НБО "Сарбанд"-ро пас аз навсозӣ ифтитоҳ кард

Дар панҷумин неругоҳи барқии обии Тоҷикистон, ки дар дарёи Вахш ҷойгир аст, пас аз таҷдиду навсозӣ чархаи нави пуриқтидор ба кор андохта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд”-и Левакант боздид кард ва дар он чархаи рақами 1-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Чархаи нав иқтидораш 39 МВт пас аз таъмири ҳамаҷониба ва навсозӣ ба истифода дода шуд.
Раҳмон ба сифати корҳои анҷомдодашуда ва навсозии маҷмааи барқи обӣ баҳои баланд дода, афзудааст, ки ин боз як қадами дигар барои расидан ба сатҳи комили истиқлоли энержии кишвар аст.
Қобили зикр аст, ки НБО Сарбанд бо иқтидори лоиҳавии 240 МВт 5-умин НБО дар кишвар дар дарёи Вахш аст.
Иқтидори пешбинишудаи нерӯгоҳи барқи обӣ пас аз анҷоми кор ба 270 МВт мерасад.
Қариб 9 млн доллар даромади Тоҷикистон аз фурӯши барқ
Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” дар заминаи неругоҳи “Шаршара” ҳанӯз соли 1956 оғоз гардида, аввалин гидроагрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст.
Бинобар истифодабарии тӯлонӣ қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буд.
Лоиҳаи барқарорсозӣ аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд 136 миллион доллар маблағгузорӣ мешавад.
Ҳадафи лоиҳаи мазкур афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, таъмини кори мураттабу самараноки корхона ва мутобиқсозии он ба меъёрҳои техникии муосир мебошад.
ГУфта мешавад, ки агрегатҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти нави барқ аз Олмон, Италия, Ҳиндустон, Чин ва Қазоқистон ​​оварда шудаанд.