Ҳарифи нави Лоиқ Раҷабов дар UFC дақиқ шуд

Рақиби навбатии варзишгари номдори тоҷик боз як довталаби на он қадар деринаи ташкилотҳои Ultimate Fighting Championship хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Маълум шуд, ки Лоиқ Раҷабов рақобати навашро дар лигаи UFC бо кӣ доир мекунад мекунад.
Ба гуфтаи Алекс Бехунин, хабарнигори варзиш дар Твиттер, Поле Матеуш Ребеккиии лаҳистониро рақиби размикори тоҷик гузоштаанд.
Мубориза дар UFC дар ABC 5, ки 24 июн ба нақша гирифта шудааст, баргузор мешавад.
Корномаи Ребекки аз 17 ғалаба ва 1 мағлубият бо нокаут иборат аст.
Вай низ ба наздикӣ ба Ultimate Fighting Championship ҳамроҳ шуда, аввалин набарди худро дар моҳи январи соли 2023 бар зидди Ник Фиори амрикоӣ бо пирӯзӣ анҷом дод.
Раҷабов размикори шикастнадидаро дар UFC мағлуб карду рекорд гузошт
Ёдовар мешавем, ки Раҷабов бошад аввалин рақобаташро дар чаҳорчӯби UFC 285 дар Лас Вегас баргузор карда, бо қарори доварон пирӯз шуд.
Рақиби ӯ варзишгари қаблан мағлубнашудаи Аргентина Эстебан Рибович буд.
Варзишкори тоҷик на танҳо аз рӯи холҳо ғолиб омад, балки рекорди пешбарӣ барои иштирокчии сабуквазнро низ: дар 3 раунд 11 маротиба ҳарифро ба замин партоб кард.
Дар ҳоли ҳозир Раҷабов 17 ғалаба, 4 бохт ва ягона мусовӣ дорад.