Ҳабси подполковник ва сарбозон дар Ворух баъди видеои латукӯби ҳамхидматон

Ҳодисаи латукӯби сарбозони тоҷик аз ҷониби ҳамхидматҳояшон, ки навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, дар минтақаи марзии Ворух рух додаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар пайи нашри навори латукӯби сарбозон аз ҷониби ҳамхидматҳояшон, сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шудааст.
Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ҳодисаи латукӯб дар қисми ҳарбии 0215-и мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ, 15 декабри соли 2022 рух додааст ва навори он ахиран ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.
Баъди дастраси омма шудани ин видео, нисбати подполковнике, ки сардори комендатураи рақами якуми "Ворух" будаст, парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Вай бар асоси модаи 391-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон сӯиистифода аз ҳокимият ва ё бефаъолиятӣ айбдор мешавад.
Данғара нақшаи даъвати наваскаронро иҷро кард
Мақомоти додситонӣ мегӯянд, сарбозоне, ки дар латукӯби ҳамхидматони худ даст доштаанд, ба ҳабс гирифта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон маъракаи даъвати наваскарон идома дорад, ки моҳҳои апрел ва май идома хоҳад кард.
Яке аз омилҳое, ки боиси гурези ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, маҳз ҷой доштани ҳолатҳои муносибатҳои ғайриоинномавӣ гуфта мешаванд.
Мақомоти Тоҷикистон эълон медоранд, ки бо чунин зуҳуроти номатлуб қотеъона мубориза мебаранд.