Ваъда буду вафо на: суҳбати ошкорои Абдусаломов аз омадану рафтанаш ба тими Тоҷикистон

Барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2008 бархе тафсилоти омадану рафтанашро аз мақоми мураббии тими куштии озоди Тоҷикистон баён дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Замони даъват ба тими миллии Тоҷикистон ба ҳайси мураббӣ ваъда шуда буд, ки барои татбиқи нақшаҳо кумак расонда хоҳад шуд, ки амалӣ нагардид.
Ин нуктаро дар шарҳи рафтанаш аз мақоми мураббии тими миллӣ дар риштаи куштии озод, барандаи медали нуқраи бозиҳои олимпии соли 2008, Юсуф Абдусаломов ба Sputnik Тоҷикистон баён дошт. Ӯ дар ин мақом ҳамагӣ ҳудуди 2 моҳ монд.

"Замони омадан ба Тоҷикистон, бидуни дудилагие кор дар тими миллии кишварро қабул кардам. Итминон дода буданд, ки барои иҷрои ҳамаи нақшаҳо кумаку дастгирӣ мекунанд. Аммо амалан ин тавр нашуд", - гуфт Абдусаломов.

Ҷоизадори Олимпиадаи соли 2008 иқрор шуд, ки қаблан низ дар бораи чунин мушкилот шунида буд, аммо вақте занг заданду пешниҳоди кор карданд, ҳамааш дигар мешавад, гуфтаанд.
"Ҳатто масъалаи молиро матраҳ накардам, таваҷҷӯҳ ба тарбия ва интихоби куштигирони тоҷик буд. Тавре мефаҳмам, каси дигар ба тасмимгирӣ шурӯъ кард ва нақшаву ниятҳои ман дуюмдараҷа монданд", - изҳор дошт Абдусаломов.
Вай илова намуд, ки раиси нави федератсияро эҳтиром мекунам, аммо ӯ шахси варзишӣ нест ва тим ҳам надорад. Аз ин рӯ, дигарон тасмим мегиранд, гуфт собиқ мураббии тими куштии озоди Тоҷикистон.
Тағйирот дар Федератсияи куштии Тоҷикистон: Президенти нав кӣ шуд?
Маврид ба зикр аст, ки роҳбарии Федератсияи куштии Тоҷикистонро аз охири соли гузашта Ҷамшед Машрабзода, генерали баландпояи ВУД-и ҷумҳурӣ ба уҳда дорад.
Юсуф Абдусаломови 45-сола, зодаи Доғистони Русия буда, аз соли 2002 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошад. Вай соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин сазовори медали нуқра гардида, ҳамчунин медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон, медали нуқраи Бозиҳои Осиё ва медали тилои Чемпионати Осиёро ба даст овардааст.
Мавсуф фаъолияти варзишиашро соли 2012 анҷом дода, аз соли 2013 сармураббии дастаи мунтахаби Лаҳистон буда, баъдан тими Руминияро низ тамрин медод. Аввали моҳои феврали соли равон ба Тоҷикистон омада, бо Федератсияи куштии ҷумҳурӣ шартнома баста буд.