ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Як ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ аз ҷониби мақомот боздошт шудааст.
Муттаҳам дар пайи шикояти ҷавондухтари ноболиғи 17-сола, сокини ноҳия Б. Ғафуров дастгир шудааст.
Ба гузориши РВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, боздоштшуда Н.З. бо ноболиғ сар аз моҳи марти соли ҷорӣ шиносоӣ пайдо менамоянд.
Аммо ҷавон пас аз аввалин дидорашон бо духтар ва ба даст овардани акси муносиботашон аз ӯ барои паҳн накардани он пул талаб мекунад.
“Аз духтар бар ивази паҳн накардани аксҳояш 2300 сомонӣ талаб кардам”,- гуфт дастгиршуда зимни бозпурсӣ ба кормандони пулис.
Аммо ноболиғ бошад, ба мақомот шикоят мебарад ва ҷавон ҳангоми гирифтани маблағи зикршуда аз сӯи кормандони пулис дар Боғи парчами миллии шаҳри Гулистон дастгир мешавад.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба боздоштшуда бо моддаи 250 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Бар асоси Кодекси ҷиноятии кишвар моддаи мазкур аз панҷ то даҳ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ин ниҳод дар гузашта низ дар баробари мардон занонеро низ боздошт карда буд, ки даст ба тамаъҷӯӣ мезаданд.
Чунин ҳолатҳо асосан пас аз робитаҳои маҳрамона сурат мегирад, ки бо роҳи "шантаж" ҷониби дигар пул кор кардан мехоҳад.