Эълони ҳукми собиқ сарвазир ва раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон

Додгоҳи вижаи байниноҳиявии Остона баррасии парвандаи собиқ раиси Кумитати амнияти миллии Қазоқистон ва 3 ноибашро анҷом дода, ҳукмашонро эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимов ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.
Қарори мазкурро додгоҳи вижаи байниноҳиявии Остона дар пайи баррасии парвандаи собиқ раиси Кумитати амнияти миллии Қазоқистон ва ноибонаш содир кард.
Бо қарори додгоҳ, 3 нафар аз муовини пешини Масимов аз 3 то 16 соли зиндон гирифтанд.
Ҳамаи онҳо аз мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои генералӣ маҳрум гардидаанд. Инчунин аз онҳо 10 млрд тенге ва 24 млн доллар ба фоидаи давлат руёнда шуд. Қарори мазкур то ҳол ҳукми қонунӣ нагирифтааст.
Таъйини вазири нави корҳои хориҷии Қазоқистон
Маврид ба зикр аст, ки Карим Масимов ва муовинони ӯ баъди ошӯбҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон боздошт шуданд. Онҳо ба хиёнат ба ватан ва кӯшиши бо зӯр ба даст овардани қудрат муттаҳам мешуданд.
Карим Масимов, ки моҳи июни соли равон 58-сола мешавад, ду маротиба сарвазири Қазоқистон ва аз соли 2016 раиси КАМ буд.
Ӯ бори аввал дар кабинаи вазирон соли 2007 сарвазир интихоб гардид ва дар ин вазифа то соли 2012-ум қарор дошт. Аз соли 2012 то соли 2014-ум вазифаи роҳбари маъмурияти президенти Қазоқистонро иҷро мекард. Санаи 2-уми апрели соли 2014 Масимов дубора ба сари ҳукумати Қазоқистон омада буд.
Назарбоев моҳ сентябри соли 2016 Карим Масимовро аз вазифаи сарвазири Қазоқистон сабукдӯш када, ба мақоми раиси Кумитаи амнияти миллӣ таъйин намуда буд ва ӯ то аввали соли 2022 дар ин мақом фаъолият дошт.