Юсуф Абдусаломов сабаби рафтанашро аз тими Тоҷикистон эълон кард

Мутахассиси маъруф, ки бо тими миллии куштии Тоҷикистон дар оғози моҳи феврали соли ҷорӣ шартнома баста буд, бо гузашти 2 моҳ тарки он кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Ҷоизадори бозиҳои олимпӣ, Юсуф Абдусаломов сабаби рафтанаш аз мақоми сармураббии тими миллии Тоҷикистон дар риштаи куштии озодро шарҳ дод.
Ӯ дар суҳбат бо Sports.tj мушкилоти молӣ ва бетаваҷҷуҳии раҳбарият ба тарҳи пешниҳодкардааш барои омодасозии варзишкорон ба олимпиадаро сабаби рафтан аз тими миллӣ хондааст.
Вай мегӯяд дар гузашта низ чунин мушкилот ҷой дошт, аммо ҳангоми даъват гуфтанд, ки таваҷҷуҳ ҳоло аз болост ва вазъ комилан дигар аст. Ӯ шартнома барои кор бо тими миллии Тоҷикистонро моҳи феврали соли равон имзо карда буд.
Юсуф Абдусаломов, варзишгари зодаи Доғистон, ки дар ҳайати тими Тоҷикистон соли 2008 дар шаҳри Пекин медали нуқраро ба даст оварда буд, баъдан сармураббии тими миллии Руминия ва Лаҳистон шуда буд.
Рақибони тими бошгоҳи "Ҳоҷӣ Шариф" дар лигаи минтақавӣ маълум шуданд
Абдусаломов дорои унвони Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон буда, мунтазам дар ҷумҳурӣ ба номаш мусобиқаҳо баргузор мешаванд.
Бар асоси ҳолнома, Юсуф Рашидович Абдусаломов 8 ноябри соли 1977 дар Доғистони Русия таваллуд шуда, факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Доғистонро хатм кардааст.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Абдусаломов аз соли 2002 узви дастаи мунтахаби кишвар буд ва соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин сазовори медали нуқра гардид.
Ӯ ҳамчунин медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон, медали нуқраи Бозиҳои Осиё ва медали тилои Чемпионати Осиёро ба даст овардааст. Мавсуф фаъолияти варзишиашро соли 2012 анҷом дода, аз соли 2013 сармураббии дастаи мунтахаби Лаҳистон дар риштаи куштии тарзи озод буд.
Юсуф Абдусаломов бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2008 бо мукофоти давлатӣ - ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардид.