ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Аз 24 апрел то 10 май дар қаламрави Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистон мусобиқаи шашуми байналмилалии автомобилӣ баргузор мешавад.
Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, қарори Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон дар бораи баргузории ин мусобиқа моҳи декабри соли 2022 дар Маскав қабул шуда, тибқи нақша сурат мегирад.
Дар феҳрасти баргузоркунандагон, Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ИДМ, вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистон гузаронида мешавад.
Тавзеҳ дода шуд, ки мусобиқа аз шаҳри Душанбе оғоз гардида, аз масири Айнӣ — Панҷакент — марзи Тоҷикистон бо Узбекистон — Самарқанд — Навоӣ — Бухоро — марзи Узбекистон бо Туркманистон мегузаранд.
Дар Туркманистон мошинҳо аз Мари — Ашқобод — марзи Туркманистон бо Эрон — Машҳад — Тус — Нишопур — Гургон — Сори — Теҳрон — Табриз – марзи Эрон бо Арманистон — Мегри — Капан – Ереван ҳаракат менамоянд.
Тӯли умумии мусобиқаи байналмилалии автомобилӣ тақрибан 4000 километрро ташкил медиҳад.
Дар доираи мусобиқа панҷ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Самарқанд, Ашқобод, Теҳрон ва Ереван дар назар буда, ҳамоишҳои байналмилалӣ низ баргузор мешаванд.
Барои иштирокдорони ин мусобиқаи байналмилалӣ ҷом, медал, диплом, шаҳодатномаҳо, инчунин мукофотҳои Шӯрои байналмилалии автомобилӣ ва дигар ҷоизаҳо супорида мешаванд.