Ҳадафи стратегии ҳукумат дар Данғара иҷро шуд

Ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳадафи чоруми стратегияшро табдил додани ҷумҳурӣ аз аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ эълон кард, дар ҳудуди Данғара аллакай иҷро шудаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Данғара, ки ноҳияи аграрӣ буд, феълан ба саноатӣ-аграрӣ табдил ёфтааст, изҳор дошт, раиси ноҳия, Исломиддин Раҳмон.
Ӯ дар суҳбат нашрияи ҳукуматӣ, "Ҷумҳурият" иттилоъ додаст, ки соли 2022 корхонаҳои саноатии ноҳия якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 2,1 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбати соли қаблӣ 211 млн сомонӣ зиёд мебошад.
"Данғара ноҳияи аграрӣ буд ва имрӯз бо ташаббуси соҳибкорон рушди соҳаи саноат ривоҷи тоза гирифт. Имрӯз Данғара ноҳияи саноативу аграрӣ эълон гардидааст", - гуфт раис.
Вай зикр намуд, ки феълан дар минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" 35 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки айни ҳол 12 ададашон фаъолият доранд.
Инчунин, муроҷиатҳо барои сохтмони корхонаҳои саноатӣ чӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ва чӣ аз ҳисоби ширкатҳои хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд ва дар ҳоли баррасӣ қарор доранд, илова намуд ӯ.
Данғара дар Хатлон беҳтарин дониста шуд
Дар зимн таъкид намудаст, ки кишоварзӣ низ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба шумор меравад.
Раиси ноҳияи Данғара зикр гардидаст, ки дар соли 2022 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1,5 млрд сомонӣ расидаст, ки дар муқоиса бо нишондоди соли қаблӣ 45 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Табдил ёфтани Данғара аз аграрӣ ба саноатӣ - аграрӣ дар ҳолест, ки ҳукумати кишвар табдили ҷумҳуриро ба саноатӣ - аграрӣ ҳадафи чоруми стратегии худ қарор додаст.