ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Русия дар фурӯши манобеи энержӣ ба пардохти пули миллӣ мегузарад ва талош дорад аз истифодаи евро ва доллар даст кашад.
Дар ин бора муовини нахуствазир Александр Новак дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия-1" хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир тамоюли истифода аз доллару евро коҳиш ёфта ва ҳоло харидани манобеъи энержии Русия эҷоди механизмҳои нави ҳисоббаробаркуниро тақозо мекунад.
"Бо дарназардошти мушкилоти кунунӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо бо ин асъор, дар ҳисобҳои худ мо танҳо ба пули миллӣ мегузарем, ҳоло ба юан талабот ҳаст, рубл ҳам талабгор дорад", - гуфт Новак.
Муовини раиси ҳукумати Русия афзуд, ин раванд идома хоҳад ёфт: пардохт барои газ аз Чин аллакай бо юан сурат мегирад, қисман ҳамин чиз ба нафт низ дахл дорад.
"Ҳисоббаробаркуниҳо бо рубл низ сурат мегиранд. Мо минбаъд низ ин ҳисоббаробаркуниҳои мутақобиларо бо пули миллӣ бештар хоҳем кард", - таъкид кард ӯ.
Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, аз истифодаи пули дастаҷамъӣ дар чаҳорчӯби БРИКС ҷонибдорӣ карда буд.
Вазири хориҷаи Русия қайд кард, ки аксари кишварҳо зарурати раванди даст кашидан аз долларро дарк мекунанд.