Вазорати дифои русия видеоро наш кардааст, ки дар он кори ҷангандаҳои Су-34-и артиши ҳавоии Русия дар минтақаи амалиёти махсус нишон дода шудааст.
Халабонҳои ҳавопаймоҳои ҷангии Су-34 дар фурудгоҳҳо шабонарӯзӣ навбатдории доранд.
Халабонҳои ҳавзаи низомии Шарқӣ супоришҳои фармондеҳиро дар ҳар лаҳза омодаанд иҷро кунанд.
Амалиёти ҷангӣ аз сӯи халабонҳо ҳар вақт, шабонаруз ва дар ҳар шароити обу ҳаво бояд иҷро шавад.
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.