ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Сарбозони украинӣ кушиш карданд дар самти Запорожие аз силоҳи кимиёвӣ истифода намоянд, иттилоъ додааст Владимир Рогов, раҳбари ҷунбиши “Мо бо Русия ҳастем” дар Telegram-канали худ.
"Укроназиҳо бо истифода аз паҳподҳо кушиш карданд, ки ба макони мустақари нерӯҳои Русия маводи номаълумро партоб намоянд. Сарбозони мо фавран онро ошкор карда, муқобилият нишон доданд - ҳеҷ осеби ҷиддӣ нарасидааст, як сарбоз сӯхтаи кимиёвӣ гирифтааст", - навиштааст Рогов дар Telegram-канали худ.
"Дар сурати такрори чунин ҳамла, маҷмуаҳои муҳофизати кимиёӣ ба хатти ҷабҳа интиқол дода шуданд", - афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.