Путин мусалмононро бо иди Фитр шодбош гуфт

Раисиҷумҳури Русия таъкид кард, ки ин ҷашни мусалмонон таҷассумгари орзуи инсонҳо ба рушди ахлоқӣ ва шафқат буда, дорои ҳикмати бузург аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин мусалмонони кишварро бо иди саиди Фитр шодбош гуфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.
Сарвари давлат саҳми созмонҳои мусулмониро дар таъмини муколамаи байни миллатҳо ва динҳо арзишманд арзёбӣ намудд.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки ин ид мавриди эҳтироми мусулмонони саросари ҷаҳон қарор дорад, дорои мазмуни баланди маънавӣ буда, хоҳиши мардум ба худшиносии маънавӣ, раҳму шафқатро ифода мекунад.
"Бо қаноатмандӣ қайд мекунам, ки пайравони дини ислом дар кишвари мо ба анъанаҳои чандинасраи аҷдодӣ, таърихӣ, динӣ ва фарҳангӣ эҳтироми амиқ доранд, ҷавононро бо онҳо шинос мекунанд", - омадааст дар паём.
Мирзиёев дар арафаи таҷлили иди Рамазон дар Ӯзбекистон беш аз 500 зиндониро афв кард
Вай ҳамчунин афзуд, ки зиндагии ҷомеаи мусалмонони Русия пур аз кору талошҳои хайр аст.
Президент таъкид намуд, ки махсусан дар солҳои охир ҳамкории ҷомеаи мусалмонон бо созмонҳои давлатию ҷамъиятӣ таҳким ёфта истодааст.
"Ба ташаббусҳои тарбиявӣ, маърифатӣ, хайриявӣ махсусан таваҷҷуҳи бисёр зоҳир мегардад", - зикр намуд ӯ.
Илова бар ин, Путин зимни паёмаш ба саҳми созмонҳои мусулмонӣ дар нигоҳ доштани муколамаи байни миллатҳо ва мазҳабҳо, дар тарбияи ватандӯстии насли наврас таъкид намуд.