Муфтии Русия арзишҳои таҳмилии Ғарбро номақбул хонд

Ба паҳнсозии бадӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ дар саросари ҷаҳон бояд бо ягонагӣ ва хислати устувор посух дода шавад, гуфт муфтии Русия
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Ҷомеаи Русия ба худкомагию падидаҳои бегонае, ки Ғарб таҳмил карда истодааст, ниёз надорад.
Ин нуктаро роҳбари Идораи мусалмонҳои Русия, муфтӣ Равил Гайнутдин дар хутбаи намози ид баён дошт.
"Ин арзишҳо демократия нест, балки танҳо рӯйпӯши он аст", - таъкид намудаст роҳбари Шӯрои уламои Русия.
Вай зимни мавъизааш ба муносибати Иди Фитр дар масҷиди ҷомеи Маскав оштинопазирии Русияро дар баробари ин гуна таблиғот қайд кард.
"Федератсияи Русия бо он фарқ мекунад, ки арзишҳои анъанавӣ барои он - динӣ ва оилавӣ, муҳаббат ва эҳтиром ба ҳамдигар, бародарӣ ва ваҳдат муҳиманд", - гуфт Гайнутдин.
Ба гуфтаи вай, коштани бадӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ дар саросари ҷаҳон бояд бо ваҳдат ва хислати устувор пешвоз гирифта шавад.
Намози Иди Фитр бо иштироки садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ дар Маскав – видео
"Қувваи мо дар имон, меҳнатдӯстӣ, дӯстии халқҳо ва руҳонияти мост. Мо медонем, ки ба гегемонияи бадӣ чӣ гуна муқобилат кунем. Русия як кишвари бузург аст, озмоишҳои бузургтар аз онро паси сар кардааст", - хулоса кард муфтӣ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Шӯрои уламои Русия ба мусалмонон иҷоза дод, ки бо коғазҳои қиматнок савдо кунанд.
Хариду фурӯши саҳмияҳо хилофи қонунҳои шариат нест, вале фатво ба коғазҳои қиматноки ширкатҳое, ки ба фурӯши машрубот, гӯшти хук ва қимор машғуланд, татбиқ нахоҳад шуд.