ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мардуми кишварро бо фарорасии иди саиди Фитр шодбош гуфта, дар мавриди шеваи таҷлили он тавсияҳо дод.
Дар паёми табрикотӣ, ки дафтари матбуоти раисҷумҳур нашр кардааст, гуфта мешавад, дар ин рӯз мардуми мо аъмоли шоистаи инсонӣ, аз ҷумла кумаку дастгирӣ ба ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатҳо, аёдати падару модарон ва калонсолонро анҷом медиҳанд ва дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мефиристанд.
"Тибқи таълимоти дини мубини ислом Худованд ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон ҳамчун рӯзи қабули дуои нек дар ҳаққи ҳамдигар, оромиву ободии Ватан ва анҷом додани корҳои хайру савоб муқаррар кардааст",- афзудааст президент.
Яъне ҳикмати иди саиди Фитр ва дар маҷмӯъ, моҳи Рамазон ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди аҳли ҷомеа ва густариши арзишҳои неку созандаи ахлоқиву маънавӣ, аз ҷумла эҳтирому самимият ва ҳамгироиву таҳаммулгароӣ дар миёни одамон мебошад.
Раисҷумҳур аз мушкилоти иқтисодӣ ва ғизоӣ дар ҷаҳон ёдовар шуда, мардумро барои зиндагии роҳаттар ба заҳмати бештари самаранок даъват кардааст.
Ӯ бо ишора ба чунин вазъ ба зарурати сарфаю сариштакорӣ, пешгирӣ кардани зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва исрофи маводи ғизоӣ, аз ҷумла дар рӯзҳои ид ва риояи ҳатмии талаботи қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" таъкид кардааст.
Раисҷумҳур изҳори итминон кардааст, ки ҳар як фарди огоҳу савобҷӯй дар ин рӯзи муборак тибқи анъаноти гузаштагонамон, барои анҷом додани амалҳои нек ва дар навбати аввал, дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайр кӯшиш менамояд.