ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Раиси пешини амнияти миллии Афғонистон Раҳматуллоҳ Набел дар вокуниш ба суханони муовини дабири кули Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳамад, мабнӣ бар баргузории нишасте барои ба расмият шинохтани гурӯҳи толибҳо дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки ин кор ба маънои подош додан ба ноқизи ҳуқуқи башар ва ҳомии тероризм аст.
Тавре Sputnik Афғонистон хабар медиҳад оқои Набил пешниҳоди ба расмият шинохтани толибҳо ба унвони давлати қонунии Афғонистонро бисёр нигаронкунанда хондааст.
“Ба расмият шинохтани гурӯҳи толибҳо ба унвони ҳукумати қонунии Афғонистон, хиёнат ба занону ақаллиятҳои Афғонистонӣ аст, ки зери ҳокимияти онҳо ранҷ кашидаанд", навиштааст ӯ
Ин мақоми амниятии ҳукумати пешини Афғонистон таъкид кард, ки ҳар гуна ба расмият шинохтани толибҳо бояд марбут ба риояти ҳуқуқи башар аз сӯйи ин гурӯҳ бошад.
Ёдоварӣ мекунем, ки гурӯҳи толибҳо дар як муомилаи печида бо Амрико бидуни даргирӣ дар моҳи августи соли 2021 бори дигар бар Афғонистон чира шуд ва пас аз он беш аз 5 миллион шаҳрванди Афғонистон овора шуданд.
Ҳукумати феълӣ баъд аз расидан ба қудрат дастурҳои сахтгирона, ба вижа дар баробари духтарон ва бонувони Афғонистон содир намуданд.