Мухолифати Иттиҳодияи Ҷаҳони Ислом бо мамнуияти иштиғол ва таҳсили духтарон дар Афғонистон

Дабири кулли Иттиҳодияи Ҷаҳони Ислом аз мухолифати уламои аршади ҷаҳони ислом ва донишгоҳҳои фиқҳӣ бо мамнуияти кор ва омӯзиши духтарон дар Афғонистон хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Занони мусулмон дар тӯли таърихи исломи нақши барҷастае доштаанд, гуфт Муҳаммад бин Абдулкарим Ал-Исо дабирикули иттиҳодияи ҷаҳон ислом.
Тавре хабаргузории “Парс Тудей” менависад, доктор Абдулкарим Ал-Исо таъкид кардааст, ки кишварҳои исломӣ заноне доранд, ки дар Созмони милал кор мекунанд ва дар тамоми сутуҳи таҳсилӣ ҳамчунон омӯзиш медиҳанд.
Ал-Исо афзуд, донишгоҳҳои фиқҳӣ ва ҳайатҳои уламои аршади ҷаҳони ислом ва соири фирқаҳо ва мазоҳиби мухталиф, мухолифи ин тасмим толибҳо ҳастанд.
Толибҳо дар вокуниш ба суханони дабири кулли Иттиҳодияи Ҷаҳони Ислом эъломи тасмимҳои гурӯҳи мутобиқи шариъати ислом гирифта мешавад.
Роҳбари толибҳо роҳи пешгирии исёни мардумро дар Афғонистон гуфт
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати феълии Афғонистон гуфт, тамоми талоши худро мекунем то дар ин замина пешрафте ҳам дошта бошем ва чизе, ки мумкинаст ва пазируфтанӣ аст дар ҷомеъаи мо ҳатман дар он росто тамоми талоши худро мекунем.
Наздик ба ду ҳафта мешавад, ки кормандони зани Созмони Милали Муттаҳид дар Нангарҳори аз рафтан ба вазоифаашон манъ шудаанд ва ин тасмими ҳукумати сарпараст бо вокунишҳои зиёде рӯ ба рӯ шудааст.