Ҳаҷми сармояи ҷалбшуда ба Суғд эълон гардид

Ҳукумати Суғд эълон дошт, ки тайи семоҳаи аввали соли равон тавонистаанд, ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷиро ба қаламрави вилоят афзоиш диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ба иқтисодиёти вилояти Суғд дар давоми 3 моҳи аввали соли равон наздики 99 млн доллари амрикоӣ сармояи хориҷию ватанӣ ҷалб гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 6% зиёд мебошад.
Тавзеҳ дода шудааст, ки дар таркиби сармояи ҷалбгардида наздики 91 млн долларро сармояи хориҷӣ ташкил дода, боқимонда 18 млн доллари дигар сармояи ватанӣ аст, ки ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.
Тавлидоти саноатии Суғд бештар шудааст
Дар ин давра воридоти сармояи мустақим ба маблағи 55 млн доллар баробар шудааст, ки ҳаҷми афзоиши он наздики 3% арзёбӣ гардидаст.
"Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи воридоти андозҳо ба буҷетҳои давлатию маҳаллӣ сари вақт ва барзиёд иҷро шуда, дар ин замина ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат амалӣ гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли 2023 ба зиёда аз 700 млн доллари амрикоӣ баробар шудааст.
Ҳаҷми тавлидоти маҳсулоти кишоварзӣ дар семоҳаи аввал ба маблағи зиёда аз 1 млрд сомонӣ арзёбӣ шудааст.