Гардишгарони хориҷӣ бештар меоянд: тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар бахши сайёҳӣ

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Корея дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти раҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии кишвар бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Душанбе баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Тавре Кумитаи мазкур хабардодааст, ки зимни мулоқот тарафҳо атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, омӯзиши таҷрибаи Корея ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт табодули афкор карданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷониби Корея пешниҳод кард, ки барои муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва шиносоии бештар бо таъриху фарҳанг, табиат, инфрасохтори сайёҳӣ ва намудҳои сайёҳӣ бояд гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба муддати як сол ин самтҳои асосӣ мавриди омӯзиш қарор гиранд.
Ҳамзамон вобаста ба ин муайян карда шавад, ки ба кадом самтҳои асосӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Ҳайати гурӯҳи корӣ бояд аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдори самти сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии тарафҳо таъсис дода шавад.
Тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни кишварҳои СҲШ баррасӣ шуд
Ҳамчунин масоили истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Корея дар умури пешбурди соҳаи сайёҳии мамлакат дар самти хизматрасонӣ ва ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои кормандони ин соҳа дар Тоҷикистон ва мубодилаи сайёҳони байни ду давлат баррасӣ гардид.
Инчунин тарафҳо ҳавасмандии худро барои ҳамкории судманд, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ дар рушди сайёҳӣ иброз доштанд.