Тавлидоти саноатии Суғд бештар шудааст

Дар се моҳи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 10% афзудаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд давоми семоҳаи аввал ба 5,9 млрд сомонӣ баробар шудааст.
Дар ин бора ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки аз ҷумла равғани растанӣ 16%, маҳсулоти нонӣ - 3%, консерваҳо - 17% ва нӯшокиҳои беспирт 22% бештар тавлид шудаанд.
Таъкид гардидаст, ки тибқи нақша дар соли 2023 ба истифода додани 150 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 3 ҳазор ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.
Мақомоти Суғд мегӯянд, алакай дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 3 моҳи соли 2023 дар миқёси вилоят 35 корхонаву коргоҳи нав бо 286 ҷойи нави корӣ фаъол гардидаанд.
Дар Суғд аз иҷрои нақшаи солонаи чорводорӣ гузориш доданд
Зикр шудаст, ки дар моҳҳои январ-марти соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1 коргоҳи дӯзандагӣ бо 10 ҷойи нави корӣ ва 1 корхонаи истеҳсоли пойафзол бо 5 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ корхонаҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи қариб 72 млн сомонӣ маҳсулот тавлид карданд, ки нисбати соли қаблӣ беш аз 1 млн сомонӣ зиёдтар аст.
Манбаъ афзуд, ки дар вилоят 11 корхонаи пойафзолдӯзӣ фаъолиятро ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ беш аз 583 ҳазор ҷуфт маҳсулот тавлид кардаанд, ки нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 7 баробар зиёд мебошад.