ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ҳолати исрофкорию азхудкунии маблағҳо дар як муассисаи тандурустии кишвар гузориш додаст.
Ба иттилои ин ниҳод, азхудкунии маблағи давлат дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон ошкор шудааст.
Манбаъ афзуд, ки муҳосиби музди меҳнати Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон дар асоси маслиҳати пешакӣ бо сариқтисодчӣ ва муҳосиби молии муассисаи мазкур аз ваколатҳои мансабияшон сӯиистифода кардаанд.
Тавзеҳ дода шудааст, ки масъулини мазкур дар ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ, ведемостҳои тақсимоти музди меҳнат маълумотҳои таҳрифшударо ворид карда, ба давлат зарар расондаанд.
Ҳамин тариқ дар маҷмӯъ маблағи умумии зиёда аз 1,5 млн сомониро сомониро беасос ба корти электронии собиқ кормандони муассиса ҳамчун музди меҳнат интиқол додаанд, изҳор дошт Ожонси зидди фасод.
Таъкид шудааст, ки пас аз ба таври нақдӣ гирифтани маблағи зикршуда муттаҳамон онро тасарруф намуданд.
Ожонси зидди фасод мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати муттаҳамон бар асоси 2 моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз шудааст.
Тавзеҳ дода шудааст, ки аз ҷумла бар асоси моддаи 245 барои исрофкорию азхудкунии маблағ ва 323-и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ, барои сохтакории хизматӣ таҳқиқи парванда нисбати муттаҳамон идома дорад.
Назари худи муттаҳамон дар бораи ҷурми эълоннамудаи мақомоти назорати молиявӣ маълум нест.