ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Сочии Русия омодагӣ дида истодааст.
Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Русия барои дастаҳои мунтахаби ҷудои ҳар ду кишвар ҷамъомади машқӣ-таълимӣ доир кардаанд.
Манбаъ афзуд, ки ҷамъомади тамринӣ дар Маркази омодагии олимпии Сочи то 20 апрел идома хоҳад кард.
Раванди омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон дар риштаи ҷудоро мутахассиси ҷопонӣ Тамура Тори роҳбарӣ мекунад. Ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ дар Сочи марҳилаи асосии омодагии тими мунтахаби Тоҷикистон Чемпионати ҷаҳон-2023 ба шумор меравад, ки аз 7 то 14 май дар Қатар баргузор мешавад.
Дар Қатар Тоҷикистонро 9 ҷудокор намояндагӣ мекунад. Тибқи пешниҳоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон, дар вазни то 66 кило ҷумҳуриро дар чемпионат Эмомалӣ Нуралӣ ва Шаҳбоз Саидаброров намояндагӣ хоҳанд кард.
Дар вазни то 73 кило - Беҳрӯз Хоҷазода, то 81кг - Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков, дар вазни то 90 кило - Комроншоҳ Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило Абубакри Акобир ва беш аз 100 кило Темур Раҳимов сабқат мекунанд.
Зикр гардидаст, ки хазинаи қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо дар соли равон 1 млн евроро ташкил медиҳад.