Толибҳо аз судониҳо хостанд, ҷанҷол накунанд

Ҳукуматдорони Афғонистон кишварашонро ба гунаи мисол пешниҳод карда, аз оқибати ҷанги шаҳрвандӣ ба масъулини кишвари Судон ҳушдор доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Толибҳо аз ҷонибҳои даргир дар Судон даъват кардаанд, ки ба Худову паёмбараш итоат кунанду аз ҷанҷол худдорӣ намоянд.
Ин нуктаро сухангӯи гуруҳи толибҳо, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид баён дошта, аз сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Судон изҳори таассуф кардааст.
Вай аз ҷонибҳо даъват кард, ки пеш аз он ки дер нашавад, аз ҷанг ба муколама гузаранд.
Афғонҳо дар бораи ҷанг ҳама чизро медонанд ва ҳатто бештар аз он, изҳор доштаст Муҷоҳид.
Ӯ ҳушдор додааст, ки зарари ҷанг аз мушкилоте, ки боиси он шудааст, ҷиддитар хоҳад буд. Дар феҳрасти зиён, Муҷоҳид аз ҷумла марги одамонро зикр намуда, илова намудаст, ки ҳукумат заиф мешавад ва қувваҳои беруна имкони дахолат кардан ба умури кишварро соҳиб мешаванд.
Шиддати даргирӣ дар Судон ва даъвати Шӯрои амнияти СММ
Шӯрои Амнияти СММ низ ахиран аз ҷонибҳо дар Судон даъват кард, ки амалиёти ҷангиро фавран бас кунанд ва ба муколама баргарданд.
Маврид ба зикр аст, ки 15 апрел аз оғози даргирӣ миёни нерӯҳои вокуниши сареъ ва артиши муқаррарӣ дар пойтахти Судон, шаҳри Хартум хабар дода шуда, баъдтар задухӯрдҳои байни нерӯҳои низомӣ ба дигар минтақаҳо паҳн шуданд.
Ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози даргирӣ муттаҳам мекунанд. Артиши Судон гуфт, ки изҳороти нерӯҳои вокуниши сареҳ дуруст нест ва ҳама иншооти стратегӣ, аз ҷумла қасри президент, таҳти назорати нерӯҳои мусаллаҳ қарор доранд. Артиш таъкид намудаст, ки ҳамларо нахуст нерӯҳои вокуниши сареҳ оғоз намудаанд.