Теъдоди кушташудагон дар даргириҳо дар Судон ба ҳудуди 100 нафар расид, иттилоъ дод хабаргузории Reuters бо истинод ба иттифоқи касабаи табибони маҳаллӣ.
Ба иттилои манбаъ, феълан дар бархе манотиқи Судон даргирӣ миёни артиш ва нерӯҳои вокуниши сареҳ идома доранд.
Нерӯҳои мухолиф дар Судон дар бораи муваффақиятҳои низомӣ ва назорати иншоот мубодилаи изҳороти зиддунақиз мекунанд, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанги густурдаи иттилоотиро роҳандозӣ кардаанд, навиштааст РИА "Новости".
Таъкид гардидаст, вазъият дар кишвар дар ҳоли ташаннуҷ қарор дорад, аммо ҳеҷ яке аз ҷонибҳо омодагии худро ба гуфтушунид ва қатъи амалиёти ҷангӣ нишон намедиҳад, ҳарчанд онҳо барои кушодани долонҳои башардӯстона розӣ шуданд.
Дар зимн гуфта мешавад, ки Миср метавонад ба қазия дахолат карда, аз артиши Судон ҷонибдорӣ кунад, чун чанд сарбози мисриро нерӯҳои вокуниши сареҳ гаравгон гирифтаанд.
Шиддати авзоъ аз он оғоз гардид, 13 апрел, шабакаҳои телевизионии арабӣ гузориш доданд, ки нерӯҳои вокуниши сареҳи Судон воҳидҳои худро дар шаҳри Меров дар шимоли кишвар ҷойгир кардааст ва артиши кишвар талаб кардааст, ки он ҷоро тарк кунанд.
Артиши Судон бо нашри изҳорот нерӯҳои вокуниши сареҳро дар он айбдор намуд, ки ғайриқонунӣ ва бидуни ҳамоҳангӣ воҳидҳояшро дар шаҳри Хартуму як қатор шаҳру навоҳии дигар ҷойгир кардааст.
Дар натиҷа рӯзи 15 апрел таниш ба даргирии мусаллаҳона печида, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози он муттаҳам мекунанд.