ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Дар 378-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд, иттилоъ дод КҲФ Тоҷикистон бо такя ба Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҷунбиши замин соати 03:46 дақиқаи 17 апрел сабт гардидааст.
“Маркази заминларза дар 86-километрии ғарби ноҳияи Мурғоб ва 153-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ воқеъ буд”, - омадааст дар хабари КҲФ.
Манбаъ қувваи онро дар марказ 4 балл, дар ноҳияи Мурғоб 2-3 ва дар шаҳри Хоруғ 2 балл арзёбӣ кард. Таъкид шудааст, ки офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ надошт.
Маврид ба зикр аст, ки охирин заминларзаи харобиовар дар Тоҷикистон охири моҳи марти соли равон ба қайд гирифта шуда буд.
Мақомоти вилояти Суғд зарари заминҷунбӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳро, ки 23 март рух дода буд, беш аз 4 млн сомонӣ ҳисоб карда буданд.
Ба иттилои мақомот, танҳо хисороти хонаҳои истиқоматӣ, ки бархе қисман ва баъзе пурра бар асари заминҷунбӣ тахриб шуданд, ба зиёда аз 1 млн сомонӣ баробар шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки барои муайян ва бартараф кардани оқибатҳои ин заминларза, комиссияи вижае таҳти раёсати сарвазир Қоҳир Расулзода таъсис дода шуда, фаъолият дорад.