ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Наздик ба 400 тонна ҳосили пиёзи барвақтии хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун аллакай ба бозор баромад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳудуди 10 рӯз аст, ки дар ин ноҳия, хоҷагидорони пешқадам пайи ҷамъоварии ҳосили пиёз гашта, арзиши онро ба 3 ва 3 сомонию 50 дирам поин фароварданд.
Таъкид шудааст, ки соли равон кишоварзони ноҳия, дар майдони 3 ҳазору 400 гектар пиёзи барвақтии навъи тунис кишт карда, то имрӯз беш аз 20 гектари онро ҷамъоварӣ намуданд.
Бино ба иттилои ӯ, ҳосили пиёз дар саҳро хуб буда, хоҷагидорон аз 1 гектар 400-450 сентнер ҳосил ба даст оварда истодаанд.
Ҳамзамон мақомоти вилояти Хатлон қайд кардааст, ки нарху навои пиёз дар бозорҳои кишвар гарону талабот ба он бошад бештар гардидааст.
“Аз ин рӯ онҳо истеҳсоли ин намуди маҳсулоти кишоварзиро оғоз бахшидаанд то тавонанд нархро низ дар бозорҳои мамлакат муътадил намоянд. Чун ҳамасола бо истеҳсол гардидани пиёз аз ин минтақа нарху наво низ дар бозор тағйир меёбад”, - зикр кардааст мақомоти Хатлон.