ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский эҳтимол дар ҷараёни исён бар асари норозигии шаҳрвандони украинӣ кушта хоҳад шуд.
Инро собиқ афсари иктишофии Корпуси баҳрии ИМА Скотт Риттер дар мусоҳиба бо саҳифаи Redacted дар шабакаи YouTube баён доштаст.
"Ҳамчун инсонпарвар хоста мешавад, ки ӯ ва оилаи ӯро ба ҳавопаймо ё қатор савор карда, ба ғурбат бадарға кунанд, то дар он ҷо зиндагии бароҳат дошта бошанд ва ҷаҳон барои корҳое, ки ба мардуми Украина кард, ӯро абадан маҳкум кунад", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Риттер.
Вай афзудаст, ки агар воқеъбинона фикр кунад, Зеленский ба эҳтимоли зиёд аз дасти украиниҳо, ки бар зидди ӯ қиём мекунанд, ба қатл расонда хоҳад шуд.
Ӯ иддао дорад, ки украиниҳо бар зидди Зеленский ошӯб хоҳанд зад, зеро вай на танҳо сабаби вазъи вахим дар майдони ҷанг аст, ки дар натиҷа садҳо ҳазор сарбоз кушта шуданд.
Собиқ афсар, президенти Украинаро ҳамчуинн дар он гунаҳкор донист, ки миллионҳо нафар кишварро ночор тарк кардаанд, ҷомеаи украина комилан пош хӯрдааст.
"Ин як ҳолати фоҷиабор аз ҳар ҷиҳату нигоҳ мебошад", - таъкид намудааст собиқ афсари низомии нерӯҳои ИМА.
Мушовири собиқи Пентагон полковник Дуглас Макгрегор низ қаблан гуфта буд, ки артиши украинӣ метавонад алайҳи раҳбари Украина қиём кунаду ӯро ба қатл расонад.