Дар Тоҷикистон чанд амалиёти пайвандсозии гурдаю ҷигар гузаронда шуд?

Мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон азм доранд, ки шароити гузарондани ҷароҳиҳои мураккабро дар дохили ҷумҳурӣ фароҳам созанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Дар давоми семоҳаи аввали соли равон барои беш аз 60 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҷамъбасти фаъолияташ дар 3 моҳи аввали соли равон баён дошт.
Ин ниҳод таъкид намуд, ки азм доранд, барои дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб шароит фароҳам оранд.
Тавзеҳ дода шуд, ки бархе аз ҷароҳиҳо, ки қаблан бо арзиши гарон дар хориҷи кишвар анҷом дода мешуд, феълан бо хароҷоти нисбатан кам дар дохили ҷумҳурӣ анҷом дода мешаванд.
Аз силикон дар меъда то сутунмуҳра: Ҷарроҳиҳои нодир дар Тоҷикистон
Зикр гардид, ки дар 3 моҳи соли 2023 ба 61 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд. Аз ин шумора 57 нафар дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ҷарроҳӣ карда шудаанд.
"Аз ҷумла барои 42 нафар амалиёти пайвандсоозии гурда ва 15 нафар пайвандсозии ҷигар гузаронда шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати тандурустии Тоыикистон таъкид намуд, ки барои 4 нафари дигар амалиёти пайвандсозии гурда дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара гузаронда шуд.
Масъулини тандурустии Тоҷикистон қаблан изҳор дошта буданд, ки ба далели сифати хубу нархи нисбатан арзони ҷарроҳиҳои мураккаби пайвандсозии узву бофтаҳо, бархе аз шаҳрвандони хориҷӣ низ ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ муроҷиат мекунанд.