ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Шӯрои Амнияти СММ аз ҷонибҳо дар Судон даъват кард, ки амалиёти ҷангиро фавран бас кунанд ва ба муколама баргарданд.
"Аъзои Шӯрои амният аз даргириҳои низомӣ миёни нерӯҳои мусаллаҳи Судон ва Нерӯҳои вокуниши сареъ изҳори нигаронии амиқи худро баён карда, аз кушта ва захмӣ шудани мардум, аз ҷумла дар миёни мардуми осоишта изҳори таассуф мекунанд", - омадааст дар хабари Шӯро.
Аъзои Шӯрои амнияти СММ аз ҷонибҳо ба қатъи фаврии ҷанг, барқарории оромӣ даъват карданд ва хостори бозгашт ба муколама барои ҳалли бӯҳрони кунунӣ дар Судон шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки 15 апрел аз оғози даргирӣ миёни нерӯҳои вокуниши сареъ ва артиши муқаррарӣ дар пойтахти Судон, шаҳри Хартум хабар дода шуда, баъдтар задухӯрдҳои байни нерӯҳои низомӣ ба дигар минтақаҳо паҳн шуданд.
Нерӯҳои вокуниши сареъи Судон артиши ин кишварро дар он айбдор кард, ки ба пойгоҳашон дар пойтахт бо "бо истифода аз тамоми навъҳои яроқ" ҳуҷум кардаанд.
Артиши Судон гуфт, ки изҳороти нерӯҳои вокуниши сареҳ дуруст нест ва ҳама иншооти стратегӣ, аз ҷумла қасри президент, таҳти назорати нерӯҳои мусаллаҳ қарор доранд. Артиш таъкид намудаст, ки ҳамларо нахуст нерӯҳои вокуниши сареҳ оғоз намудаанд.
Нерӯҳои вокуниши сареҳ, як қувваи шӯришӣ номид шуда, , роҳбари Шӯрои муваққати марҳилаи гузариши Судон, Абдуфатоҳ Бурҳон қарори барҳамдиҳии ин нерӯҳоро содир намудаст.