ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Сухангӯи СММ Стефани Дюжарик дар вокуниш ба мамнуъияти кори занони Афғонистон дар созмонҳои ғайридавлатӣ гуфт, маҳдудиятҳо ва мамнуъиятҳои мақомоти толибҳо мо ва мардуми Афғонистонро дар вазъияти ваҳшатноке қарор медиҳад, иттилоъ додааст "TOLOnews".
Раиси ҳайати парлумони Аврупо дар умури Афғонистон низ тасмими толибон барои мамнуъияти кори занони афғон дар СММ-ро ба шиддат маҳкум кард.
Ба гуфтаи намояндаи СММ, бидуни ишора ба табаъоти густардаи ишғоли Афғонистони афзуд, танҳо толибони масъӯли ташдиди ранҷест, ки ба шаҳрвандонаш таҳмил мешавад.
Гурӯҳи толибони пас аз ба қудрат расидан дар Афғонистон аз дар моҳи августи соли 2021, идомаи таҳсили болотар аз шашуми ибтидоиро барои духтарони афғон мамнуъ кардааст.
Толибон ҳамчунин чанде пеш аз идомаи таҳсили донишҷӯёни духтар низ ҷилавгирӣ кард.
Ин иқдомоти толибҳо вокунишҳои дохилӣ ва хориҷиро ба дунбол дошт.
Толибҳо токунун борҳо ваъдаи ислоҳот ва бозгушои донишгоҳҳо ва мадорис ба рӯй духтаронро додаас, аммо ин ваъда муҳаққиқ нашуда аст.