ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ниммарафони XIII байналмилалӣ баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ширкат дошт.
Давандаҳо аз Боғи Наврӯзгоҳ қад-қади хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то майдони Дӯстӣ - 21 километру 97 метрро тай карданд.
Дар маросими ифтитоҳ таъкид шуд, ки ниммарафони Душанбе нахустин мусобиқаи миллии кишвар буда, ба феҳристи мусобиқаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва дав ба масофаи дур шомил шудааст.
Марафон в Душанбе
© Sputnik
Мусобиқаҳо бо мақсади таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва пойтахтҳое, ки бо Душанбе ҳамкориҳои судманди иҷтимоӣ-иқтисодӣ доранд, инчунин оммавӣ гардонидани варзиш баргузор шуд.
Дар ин марафон варзишкорони Қазоқистон, Ӯзбекистон, Кения ва Эфиопия, инчунин варзишгарони касбии ҷумҳурӣ, кормандони сафоратхонаҳо, ходимони дипломатӣ, намояндагони ташкилотхои байналмилалӣ қувваозмоӣ карданд.
Бар асоси фармони раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, варзишгароне, ки дар ниммарафон байни мардону занон ҷойҳо аз 1-ум то 6-умро гирифтанд, бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.