Баррасии масоили муқовимат бо экстремизм, терроризм ва коррупсия дар Хуҷанд

Мақмоти шаҳри Хуҷанд бо сокинон масъалаи пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа ва гирифтани пораро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Мақомоти шаҳри дар Донишкадаи иқтисоди ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сокиону омӯзгорон мулоқот баргузор кард.
Намояндаи Мақомоти шаҳри Хуҷанд Ҳотам Маҳмудов дар зикр дошт, ки мулоқоти мазкур барои татбиқи нишондодҳои Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории он пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суйистифода аз вазифа, гирифтани пора, қабули қарори хусусияти коррупсионидошта мебошад.
Ба гуфтаи вай, коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад.
Мубориза бо коррупсия беҳтар мегардад?
“Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлат ва ҳукумати Тоҷикистон буда, татбиқи он раъйи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд”, - гуфт Ҳотам Маҳмудов.
Вай таъкид кард, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷидди рушди суботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрўйи Давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норозигии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад.
Ҳамзамон дар ин ҷаласа роҷеъ ба стратегияи муқовимат ба экстермизм ва терроризм дар Тоҷикистон низ изҳори назар карда шуд.
Ба гуфтаи масъулин ҳадафи мубориза бо экстремизм ва террорим дар Тоҷикистон ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии Давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад.