Танҳо пирӯзии Русия ба Аврупо суботро бармегардонад

Дабири Шӯрои Амнияти Русия мегӯяд, ИМА ва шариконаш дар маркази Аврупо як давлати террористӣ ташкил карда, Украинаро ба як кишвари зидди Русия табдил додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ғалабаи Русия бар милатгароии украинӣ ба ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ин бора Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия дар нишасти масоили амниятӣ дар Қафқози Шимолӣ изҳор дошт.
“Англо-саксонҳо “тартиботи қоида”-ро ба гардани дигар кишварҳо бор карда, “инқилобҳои ранга” ташкил мекунанд, гуруҳҳои террористиро мепарваранд, ба эҳёи фашизм ва милаттгароии муосир саҳм мегузоранд”, — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, "Украина як қурбонии навбатии фаъолиятҳои васвосиву хашмгинонаи сиёсатмадорони амрикоӣ шудааст".
Дабири Шӯрои Амнияти Русия афзуд, Амрико ва шариконаш ҳама корҳоро карданд, то як давлати неонасистӣ ва террористӣ дар маркази Аврупо пайдо шаванд.
"Роҳбарияти сиёсии Амрико талош доранд, ки ба Русия "шикасти стратегӣ" расонад, соҳибихтиёрии онро барҳам диҳад", - таъкид кард Патрушев.
Вай ҳамчунин гуфт, ки таҳти таъсири Иёлоти Муттаҳида, кишварҳои Ғарб дастаҷамъона муноқишаи низомиро афзоиш медиҳад ва ба режими Киев силоҳ медиҳанд.
Патрушев гуфт, ИМА ба кишварҳои собиқ шӯравӣ фишор меорад
"Талофотҳои инсонӣ аз ҷониби Украина ба инобат гирифта намешаванд, зеро дар қаламравҳои кишварҳои НАТО даргириҳо ва тахриби иншоотҳо сурат намегиранд", - гуфт Патрушев.
Дар робита ба ин, дабири Шӯрои амнияти Русия ба хулосае омадааст, ки роҳи дигаре барои озод кардани Украина аз милатгароӣ вуҷуд надорад.
"Танҳо пирӯзии Русия амнияти кишвари моро таъмин ва ба бозгашти субот дар Аврупо ва таъсиси ҷаҳони бисёрқутбӣ мусоидат хоҳад кард", - хулоса кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.
Кишварҳои ғарбӣ, ки мудохила карда, ҷонибдории Украинаро карданд, изҳор доштанд, ки барои ноором кардани вазъ дар минтақа Киевро аслиҳа ва муҳимот таъмин кунанд.