Президенти Куба Амрикоро дар барангехтани низоъ дар Украина муттаҳам кард

Дар натиҷаи низоъ дар Украина, ҳама давлатҳо, ба истиснои ИМА, зарар мебинанд: онҳо силоҳ мефурӯшанд ва ҳамин тавр мушкилоти дохилиро ҳал мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Масъулияти буҳрони Украина комилан ба дӯши Иёлоти Муттаҳида аст. Дар ин бора Мигел Диас-Канел, раиси ҷумҳури Куба дар мусоҳиба бо хабарнигори лубнонӣ изҳор дошт.
"Ҳукумати ИМА сабаби аслии низоъро таҳриф карда, бо қудрати бузурги расонаии худ эҳсоси нафрат нисбат ба Русияро ба вуҷуд овард. Ман воқеан фикр мекунам, ки дар эҷоди ин низоъ худи ҳукумати ИМА гунаҳкор аст", - гуфт сарвари давлат.
Ӯ таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ба паҳн шудани миллатгароӣ дар чахон мақсаднок маъқул мешуморанд.
"Онҳо буданд, ки русбадбиниро барангехта, сабабҳои аслии муноқишаро пинҳон карда, Русияро гунаҳкор карданд", - гуфт раҳбари Куба.
Ба гуфтаи вай, Вашингтон дидаву дониста ҷангҳоро барангехт, то ки "силоҳ бифурӯшад ва бо ин роҳ мушкилоти дохилиро ҳал кунад".
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ИМА музокироти сулҳ миёни Русия ва Украинаро дар соли 2023 интизори надорад
Диас-Канел ҳамчунин афзуд, ки дар натиҷаи низоъ, ба истиснои Иёлоти Муттаҳида, ҳама давлатҳо зарар мебинанд.
Мавсуф ба зарурати дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳоеро, ки “ба роҳандозии муколамаи тарафҳои даргир мусоидат мекунанд” ишора кард.
Вай инчунин зарур мешуморад, ки ба ҷонибҳо "гарави пойдории сулҳ" дода шавад.
Қаблан намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия қайд карда буд, ки тамоми маблағҳои ҷамъовардаи Иттиҳодияи Аврупо аз ҷониби "сӯрохи сиёҳи Украина" ва маҷмааи саноатии низомии ИМА ҷаббида мешаванд.
Ҳамин тариқ, Сандуқи сулҳи Иттиҳодияи Аврупо тамоми буҷаро барои идомаи даргириҳо дар Украина сарф кардааст. Ҳарчанд ин маблағ дар ибтидо “барои ба истилоҳ кумак ба амнияти тамоми минтақаҳои ҷаҳон то соли 2027” пешбинӣ шуда буд.
Танҳо пирӯзии Русия ба Аврупо суботро бармегардонад
24 феврали соли 2022 Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Кишварҳои ғарбӣ, ки дахолат карданд ва ҷониби режими Киевро гирифтанд, нияти худро барои ноором кардани вазъ дар минтақа бо ирсоли силоҳу муҳимоти ҷангӣ баён карданд.
Ҳамин тариқ, Иттиҳодияи Аврупо аз 28 феврали соли 2022 Фонди сулҳро ба пуррагӣ барои таъмини силоҳ ба мақомоти Украина таҷдид кард.