Ҳушдори ҳавошиносон аз 3 рӯзи номусоид дар Тоҷикистон

Эҳтимоли селфароӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баланд арзёбӣ мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар давоми 3 рӯзи оянда дар бархе аз навоҳии Тоҷикистон боришоти шадид ва фаромадани сел пешгӯӣ мешавад.
Ба иттилои Агентиии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 15-17 апрели соли ҷорӣ бо сабабаи ба амал омадани боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ ва дарёҳои ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор сатҳи об баланд мешавад.
Таъкид шудааст, ки дар минтақаҳои алоҳидаи вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад.
Агентии ҳавошиносӣ тавзеҳ дод, ки 15 апрел дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон эҳтимоли ифлосшавии ҳаво ҷой дорад.
Пешгӯии хатари обхезӣ ва сел дар Тоҷикистон
Аз ҷумла дар навоҳии Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритуз, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Фархор, Румӣ, Вахш ва шаҳри Бохтар бо сабабҳои омилҳои метеорологӣ, яъне чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад, баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ пешгӯӣ мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки аввали моҳи равон низ дар бархе аз навоҳии вилоятҳои Суғду Хатлон офатҳои табиӣ аз қабили борони шадиду сел сар заданд, ки дар натиҷа ба инрасохтору хоҷагии халқ зарар расонданд.
Мақомоти изтирорӣ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар чунин рӯзҳои номусоид эҳтиёткор бошанду бидуни зарурат ба сафар набароянд.