ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар сурати дуруст ба роҳ мондани сиёсати молиявӣ рубли русӣ имкон дорад ҷойгузини доллар шавад ва ҳисоббаробаркуниҳо бо рубл метавонанд ба рушди иқтидорҳо ва содироти технологияҳои баланд дар Русия, мусоидат намояд.
Дар ин бора ба хабаргузории РИА “Новости” мудири иҷроият дар умури Русия ва Сурия дар гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Роман Маршавин, изҳори назар карадааст.
"Ба андешаи шахсии ман, рубл метавонад ҷойгузини доллари амрикоӣ шавад, агар сиёсати молиявӣ дуруст ба роҳ монда шавад, мо барои ин ҳама имконотро дорем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи коршинос, яке аз шартҳои асосии ин пасттарин сатҳҳои қарзи давлатии Русия дар ҷаҳон ва мувозинати мусбати тиҷоратӣ, инчунин устувории низоми сиёсӣ мебошад, ки “эмитентҳои кунунии асъорҳо захиравӣ надоранд ва ҳоли муфлисшавӣ қарор доранд”.
"Ман итминон дорам, ки ҳисоббаробаркуниҳои рублӣ оянда дорад, ва ин раванд метавонад ба рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ дар дохили Русия ва афзоиши содироти технологияҳо мусоидат кунад”, - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия гуфта буд, ки бӯҳрони низоми бонкии Амрико кишварҳоеро фаро хоҳад гирифт, ки бештар ба доллар такя мекунанд.
Вай гуфта буд, ки кишварҳо бояд аз доллари амрикоӣ худро канор бигиранд.
"Вашингтон, дар ҳалли мушкилот бо роҳи маъруф - бо чопи долларҳои бетаъмин – таварруме ба вуҷуд овард, ки дар тӯли 40 соли охирмушоҳида нашуда буд”, - таъкид кард Володин.