Дар иёлоти Флоридаи Амрико (ИМА) дар натиҷаи боришоти шадиди борон обхезии пуршидид рух додааст, иттилоъ додааст хабаргузории “RT”.
Дар давоми як шабонаруз дар чануби ҳамсоия иёлот зиёда аз 50 сантиметр борон борид.
Дар шаҳри Форт-Лодердейл аз ҷониби мақомот вазъияти изтирорӣ эълон шудааст. Дар он ҷо роҳҳо ва ошёнаҳои якуми хонаҳо зери об мондаанд. Мардум аз ин боронгариҳо ва обхезӣ зарари ҷиддӣ диданд.
Кори фурудгоҳ мутавақиф шудааст, мактабҳо баста, ҳаракат дар роҳи оҳани баландсуръат низ қатъ шудааст.
Корхонахои коммуналӣ қубурҳои обпарторо тоза доранд ва барои кашидани об аз хонаҳо ва бархе аз кӯчаҳо аз насосхои пуриктидор истифода мебаранд.