ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин барои ширкат дар конфронси кишварҳои ҳамсояи Афғонистон вориди Самарқанд шуд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳадафи аслии ин нишаст ҳамоҳангсозии талошҳои минтақавӣ барои ироаи кумак ба Афғонистон дар масоили башардӯстона ва иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад.
Музокирот дар остонаи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Самарқанд конфронси вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо ширкати вазирони хориҷаи Русия, Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ҷараён дорад.
Ҷонибҳо иқдомоти минбаъдаи мусоидат ба ҳалли сиёсии Афғонистон, ба эътидол овардани вазъи башардӯстона ва масоили иҷтимоиву иқтисодии ин кишвар, инчунин рушди ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нақлиётию энергетикиро бо иштироки Кобул баррасӣ мекунанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бошяд, як рӯз пеш вориди Самарқанд шуд. Ба ҷуз ширкат дар конфронси Афғонистон, рӯзи ҷумъа вазир дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ИДМ ва нишасти вазирон дар формати Федератсияи Русия - Осиёи Марказӣ ширкат хоҳад кард.