ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар вилояти Хатлон шумораи нафақагирон 274,5 ҳазор нафарро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7263 нафар ё 2,7 фоиз зиёд гардидааст, иттилоъ додааст раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи ахири ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар се моҳи аввали соли 2023.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба гуфтаи Давлаталӣ Саид, бо ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 317,1 сомонӣ баробар будааст.
Раиси вилояти Хатлон илова кард, ки дар ин давра барои пардохти маблағи нафақа аз ҳисоби воридоти маблағҳои худи ва маблағҳои кӯмаки молиявии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон 270,3 млн сомонӣ равона гардидааст, ки 100% талаботро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмӣ дар соли 2022 барои пардохти нафақа дар Тоҷикистон беш аз 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шуда буд.
Ба иттилои мақомоти кишвар, дар аввали соли 2023 дар Тоҷикистон бо 10 миллион нафар аҳолӣ беш аз 763 ҳазор нафақахӯр рост меояд.
Теъдоди нафақагирон нисбат ба соли 2021 ҳудуди 1,8% ё беш аз 13,5 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Ҳамзамон, аз шумораи умумии нафақахӯрон зиёда аз 159,1 ҳазор нафарашон барои маъюбӣ мегиранд. Теъдоди нафақагирон барои маъюбӣ дар муқоиса бо соли гузашта 1,3 ҳазор нафар зиёд гардидаст. Ҳаҷми миёнаи нафақа 325 сомониро ташкил медиҳад.