ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. ИМА интизор надорад, ки дар соли ҷорӣ музокироти сулҳ миёни Русия ва Украина баргузор шавад.
Дар ин бора нашрияи Washington Post дар инстинод ба маълумоти истихбороти Вазортаи дифои Амрико гузориш додааст.
"Музокирот барои хатми низоъ дар тӯли соли 2023 аз рӯи ҳамаи сенарияҳои баррасишуда аз эҳтимол дур аст",- гуфта мешавад дар ҳуҷҷат, ки дар қатори дигар маводи махфӣ, қаблан дар интернет пайдо шуда буд.
Қайд мешавад, ки чунин арзёбӣ бар асоси маълумот дар бораи "шумораи нерӯҳо, аслиҳа ва техникаи ҳар як тараф" сурат мегирад.
Як мақоми амрикоӣ, ки номаш ифшо нашудааст, бо ин расона зимни суҳбат гуфтааст, ки барои шарҳ додан ба Владимир Зеленский ва мардуми Украина тасмим мегиранд, ки кай музокиротро оғоз кунанд.
Маскав борҳо изҳор доштааст, ки ба музокирот омода аст, аммо Киев дар сатҳи қонунгузорӣ бар онҳо мамнӯъият эълон кардааст. Владимир Зеленский қаблан дар G20 гуфта буд, ки "Минск-3 вуҷуд нахоҳад дошт".
Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия ба РИА Новости гуфта буд, ки чунин суханон мавқеъи Киевро дар бораи майл надоштан ба музокира “комилан тасдиқ мекунанд”.
Ғарб пайваста аз Федератсияи Русия ба музокира даъват мекунад, ки Маскав барои ин омодагӣ нишон медиҳад, аммо дар баробари ин, Ғарб саркашиҳои пайвастаи Киев аз гуфтушунидро нодида мегирад.
Намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, Маскав омода аст пешниҳодҳои Киевро дар бораи созиш бо дарназардошти пешниҳодҳои ҷониби Русия ва вазъро баррасӣ кунад, аммо режими Украина ба ин манфиатдор нест.
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.