ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Сафорати Эрон дар Арабистони Саудӣ пас аз 7 соли таваққуф дубора боз шуд, иттилоъ додааст рӯзномаи маҳаллии “Ал-Оқаз”.
Сафорати Эрон баъд аз 7 соли таваққуф бар асоси созиши барқарории равобит бо Риёз дарҳои худро боз кард.
Кушодани дарвозаҳои намояндагии дипломатӣ пас аз чанд соат аз эълони вуруди ҳайати Эрон ба ин кишвар сурат гирифт.
Пештар сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Носир Канъонӣ гуфта буд, ки барои омода кардани сафорат ва консулгарӣ ва барои азсаргирии кори мутахассисони фаннӣ ба Риёз эъзом шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи март Эрон ва Арабистони Саудӣ дар бораи барқарор кардани равобит созишнома имзо карданд.
Ин тавофуқҳо пас аз гуфтугӯҳои чандрӯза дар шаҳри Пекини Чин миёни Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон Алӣ Шамхонӣ ва ҳамтои саудӣаш ба даст омадаанд.
Гуфта мешавад, ки кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар заминаҳои амниятӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ аз сар бигиранд.