Рашид Раҳимов пас аз танаффуси тӯлонӣ ба футбол бармегардад

Мураббии машҳури тоҷик унвони устоди варзиш дорад ва дар ҳайати тимҳои "Локомотив" ва "Спартак" - и Маскав бозӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Рашид Раҳимов, аз футболбозони шинохтаи вақт ва мураббии машҳури тоҷик, пас аз танаффуси тӯлонӣ ба футбол бармегардад, хабар медиҳад "Спорт - Экспресс".
Тибқи иттилои манбаъ, қарор аст, ӯ ба ҳайси сармураббии тими "Рубин", ки дар Пример лигаи Русия бозӣ мекунад, таъйин шавад.
Бошгоҳи Қазон аллакай бо Раҳимов ба мувофиқа расида, таъини ӯ рӯзи чаҳоршанбеи 12 апрел дар назар аст. Ӯ дар ин мақом Юрий Утқулбоевро иваз мекунад.
Раҳимов 58 сол дорад, охирин бор мураббии "Уфа" буд, ки моҳи апрели соли 2021 аз он рафт. Қаблан ӯ дастаҳои “Адмира“-и Австрия, “Локомотив”, “Амкар” ва “Аҳмат”-ро тамрин додааст.
Ба дастаи мунтахаби рамзии Тоҷикистон дар ҳама давру замон кӣ дохил шуд?
Рашид Раҳимов 18 марти соли 1965 дар Душанбе ба дунё омадааст. Дастпарвари клуби “Захираҳои меҳнатӣ”- и Душанбе аст.
Охирин тиме, ки Раҳимов онро сармураббӣ буд, ин "Уфа" мебошад ва ӯ соли 2020 ба ин мақом таъйин гардид.
Вале 3 апрели соли 2021 тими "Уфа" аз "Динамо" шикаст хӯрд ва Раҳимов пас аз ин истеъфо дод. Ҷои ӯро Алексей Стукалов гирифт.
Футболбоз ва мураббии тоҷик дар чемпионати СССР дар ҳайати “Помир”-и овозадор ба майдон мебаромад. Соли 1988 унвони устоди варзишро соҳиб шуд. Дар ҳайати тимҳои “Локомотив” ва “Спартак”- и Маскав бозӣ кардааст.