ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дастаҳои беш аз 20 давлати дунё дар 57-умин Олимпиадаи байналхалқии мактабиён ба номи Менделеев аз фанни химия (ММО-57) иштирок хоҳанд кард. Ин чорабинӣ аз 1 то 6 май дар Қазоқистон гузаронида мешавад. Дар ин бора ба Sputnik кумитаи тадорукоти чорабинӣ хабар дод.
Пас аз маҳдудиятҳои ковидӣ олимпиада дар соли 2023 бори дуюм аст, ки дар шакли фосилавӣ нею чорбарӯ мегузарад, хабар дод раиси кумитаи тадорукоти олимпиадаи мазкур, муовини президенти АИР ва декани факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов Степан Калмиков.
“Имсол теъдоди аризаҳо аз кишварҳо-иштирокчиҳо якбора ба 30% афзудааст. Ва мо дар оянда ба боз ҳам зиёд шудани теъдоди иштирокдорон ва бо ҳамин васила - расидан ба ҳадафҳоямон дар Даҳсолаи илм ва технологияҳо умеда дорем,”- афзуд манбаъ.
Иштирокашонро дар олимпиадаи ба номи Менделеев аллакай дастаҳо аз беш аз 20 давлати ҷаҳон тасдиқ намуданд.
Дар олимпиадаи байналхалқӣ оид ба химия, чун анъана, дастаҳои якачини Австрия, Озарбойҷон, Арманистон ,Беларус, Булғория, Венгрия, Исроил, Қазоқистон, Қирғизистон, Мақдуния, Муғулистон, Аморати муттаҳидаи Араб, Русия, Арабистони Саудӣ, Сурия, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Узбекистон, Хорватия ва дигар кишварҳо иштирок менамоянд.
Бори аввал аз номи дастаи Бразилия ариза барои иштирок ворид гардид.
Ба гуфтаи раҳбари маркази илмӣ-истеҳсолии "Дарин" –и вазорати маорифи Қазоқистон Гаҷембек Турсунов, солҳои 2002, 2012 ва 2017 олимпиадаи ба номи Менделеев дар ин кишвар гузаронида шуда буд, ки ин шаҳодати доштани имкониятҳои баланд барои гузаронидани чунин як сабқати ҷиддии байналхалқӣ мебошад.
"Имсол чорабиниҳои асосӣ дар шаҳри Остона - дар ташхисгоҳ ва синфхонаҳои донишгоҳи ба номи Назарбоев мегузаранд. Таҷҳизоти техникии донишгоҳ ҷавобгӯи ҳамаи шартҳо барои гузаронидани Олимпиада мебошанд,”-гуфт ӯ.
Олимпиадаи байналхалқии мактабиён аз фанни химия меросбари Олимпиадаи умумииттифоқии мактабиён аз фанни химия гардидааст ва аз соли 1997 инҷониб бе танаффус гузаронида мешавад. Сабқати мактабиён, одатан, 5-6 рӯз идома меёбад ва аз се давр иборат аст: ду даври назариявӣ ва як даври амалӣ.
57-я Международная Менделеевская олимпиада школьников по химии
© Фото / Пресс-служба ММОШХ
Вазифаҳои даври аввал аз рӯи мураккабӣ ба барномаи синфҳои махсусгардонидашудаи химиявӣ мутобиқанд. Дар даври дуюм ба иштирокдорон вазифаҳои нисбатан мураккабтар аз панҷ боби химия: органикӣ, ғайриоорганическӣ, таҳлилӣ, химияи физикӣ ва ҳамчунин – аз боби илм дар бораи мавҷудоти зинда.
Дар даври амалии олимпиада бо дарозои панҷ соат малакаи мактабиён дар озмоишгоҳи химиявӣ санҷида мешавад: маҳорати иҷрои таҳлили моддаҳои химиявӣ ва гузаронидани синтез бо усули додашуда.
Иштирокчиёни олимпиадаи ба номи Менделеев, чун анъана, аз ташкилкунандагон диплом ва тӯҳфаҳои арзишманд мегиранд. Ғолибон ва ҷоизадорон бошанд, соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва бириҷӣ мегарданд.Теъдоди ғолибон бо фоиз аз теъдоди умумии иштирокдорон ҳисоб карда мешавад.
Ғайр аз медали тилло ба ғолиби мутлақ мукофоти ба номи В.В.Лунин, ки Хазинаи Андрей Мелниченко таъсис додааст, дода мешавад. Дар соли 2022 ҳаҷми ин мукофот 2 млн рублро ташкил дод.
“Ин мукофот ба хотири инсоне дода мешавад, ки Олимпиадаи байналхалқии мактабиёнро асос гузошт ва ҳамаи ҳаёташро ба илми кимиё ва таълими ин фан бахшидааст. Ин як навъ оташаки сабқат аст, ки мо ба насли ҷавони кимёгарон медиҳем. Онҳо - ояндаи моянд,”- қайд намуд зимни сӯҳбат ҳамраиси кумитаи тадорукоти Олимпиада ва директори иҷроияи Хазинаи Андрей Мелниченко Александр Чередник.
Тантанаҳои кушодашавӣ ва пӯшидашавии ММО-57 дар дар гурӯҳҳои расмии олимпиадаҳо дар шабакаҳо мустақиман пахш мегарданд.