Ҳама мунтахабҳои CAFA ширкати Русияро дар мусобиқаи тобистона дастгирӣ карданд

Дар Федератсияи футболи Эрон дар бораи омодагии CAFA барои қабули тими Русия зимни мусобиқоти тобистона дар Бишкек ва Тошканд гуфтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дастаҳои миллии ҳамаи кишварҳое, ки узви Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) мебошанд, аз ширкати яккачини Русия дар мусобиқаи тобистонаи соли 2023 пуштибонӣ мекунанд.
Дар ин бора хабаргузории Sport24 бо такя ба намояндаи Федератсияи футболи Эрон хабар додааст.
"То ҷое ки мо медонем, ҳамаи ширкаткунандагони мусобиқаи тобистонаи CAFA, яъне дастаҳои Эрон, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қирғизистон ҷонибдори ширкати тими Русия дар мусобиқаи тобистонаи футбол мебошанд", — омадааст дар хабар.
Чунон ки намояндаи федерасия аниқ кард, тимҳои яккачин — аъзоёни иттиҳодия бояд "баъзе тафсилотро ҳал кунанд" ва ҳуҷҷатҳои расмиро имзо кунанд.
Мусобиқаи тобистонаи CAFA аз 9 то 21 июн дар шаҳрҳои Бишкек ва Тошканд баргузор мешавад.
Мунтахабҳои Русия ва Тоҷикистон имкон дорад дар чемпионати CAFA рақиб шаванд
Маълум аст, ки Иттиҳодияи футболи Русия имкони ширкат дар мусобиқотро баррасӣ мекунад, аммо то ҳол иттилоъи мушаххасе дар даст нест.
Ҳамзамон, ба навиштаи нашрияи, ИФР асноди ҳуқуқи тиҷоратӣ аз CAFA гирифтааст ва ҷониби Русия пешниҳодҳои худро фиристодааст.
Ба гуфтаи онҳо, тими Русия тасмим гирифтааст, ки бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар пойтахти Узбекистон баргузор шавад, на дар Бишкек.