Идомаи достони суқути Афғонистон: ИМА-ро 11 сентябри дигар интизор аст?

Дар робита ба интишори гузориши Кохи Сафед дар бораи хуруҷи саросемаи нирӯҳои ин кишвар аз Афғонистон, сенатори мегӯяд, он "сафедкунии сиёсӣ" аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Хуруҷи саросемаи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон роҳро барои рӯзи 11 сентябри дигар ҳамвор кардааст.
Дар ин бора сенатори ҷумҳурихоҳи Амрико Линдси Грэм дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Fox News ҳушдор додааст.
Оқои Грэм мақомҳои амрикоиро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам карда ва таъкид кардааст, ки агар давлати Байден гӯяд, ки дар Афғонистон "террористҳо" дигар нестанд, ин "дурӯғ" мегӯяд.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки агар Амрико сиёсатҳояшро тағир надиҳад, барои фарорасии 11 сентябри дигар рух диҳад.
Вокуниши Трамп ба гузориши Кохи сафед дар бораи хуруҷи Амрико аз Афғонистон
"Гузориши тозанашри хуруҷи нерӯҳои аз Афғонистон аз ҷониби маъмурияти Байден як сафедкунии сиёсӣ аст, ки дар мавриди хуруҷи бесарусомонӣ ва баҳсбарангез аз ин кишвар дар ҷои дигар муттаҳам мешавад",- афзуд сенатори ҷумҳурихоҳи амрикоӣ.
Ин интиқод дар ҳолест, ки Кохи Сафед ахиран бо нашри хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон эълон кард, ки маъмурияти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар, "гунаҳкори аслии" хуруҷи бесарусомонии Амрико аз Афғонистон аст.
Аммо Трамп дар посух гузориши Кохи сафедро як дурӯғе хонду афзуд, ки ӯ ҳам монанди соирин шоҳиди ин фоҷеъа буд.
“Дидам, ки ибтидои артишро хориҷ карданд, таҷҳизоти Низомӣ ба арзиши 85 миллиард долларро доданд. Иҷоза доданд сарбозони мо кушта шаванд ва Амрикоиҳоро ҷо гузоштанд. Байден масъул аст, на ҳеҷ каси дигаре!”,- гуфт Трамп.