ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Кумитаи Думаи давлатии Русия тағйирот дар бораи ҳабси абад барои хиёнат ба давлатро тасдиқ кард, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Ба иттилои манбаъ, Кумитаи конститутсионии Думаи давлатии Русия ахиран тавсия дод, ки ислоҳот дар бораи муҷозот то ҳабси абад барои хиёнат ба Ватан тасвиб шавад.
Тавре раиси ин кумита Павел Крашенинников зимни нишаст мушаххас кард, ин тағйирот пешниҳод мешавад ва рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи Думаи давлатӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Василий Пискарев, раиси Кумитаи амният ва мубориза бо фасоди Думаи Давлатӣ гуфт, қаблан вакилон барои пурзур намудани ҷазо ба ҳабси абад барои хиёнат ба Ватан тағйирот ворид карданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш кормандони Сервиси амнияти федеролии Русия (ФСБ) дар қаламрави Ставрополь як сокини маҳаллиро ба гумони кор дар хадамоти махсуси Украина боздошт карданд, ки ӯ бо дастур аз Киев дар бораи низомиҳои Русия маълумот ҷамъоварӣ мекард.
ФСБ-и Русия баъд аз оғози амалиёти вижаи низомӣ даҳҳо нафарро бо гумони кор ба хадамоти истихборотии Украина боздошт кард.